Силсилафилми мондагор ва хотирмон «Рӯзе рӯзгоре» аз имрӯз, сешанбе 5-уми майи соли 2026, аз шабакаи «Айфилм2» пахш мешавад; асаре, ки пас аз солҳо бори дигар имкони тамошоро барои насли нави бинандагон фароҳам месозад.
«Рӯзе рӯзгоре» ба нависандагӣ ва коргардонии «Амруллоҳ Аҳмадҷу», маҳсули соли 1371 хуршедӣ, яке аз барҷастатарин силсилафилмҳои таърихи телевизиони Эрон ба шумор меравад; асаре, ки на танҳо ба далели достони ҷаззоб, балки ба сабаби умқи мафоҳими инсонӣ ва ахлоқӣ, дар ҳофизаи ҷамъии бинандагон ҷойгоҳи вижае ёфтааст. Ин силсилафилм бо нигоҳе шоирона ва ҳамзамон воқеъгароёна, ривоятгари сафари даруние аз торикӣ ба рӯшноист.
Достон перомуни «Муродбег» шакл мегирад; роҳзани номдор, ки зиндагияш бар пояи хушунат ва беэътимодӣ устувор аст. Аммо як ҳодисаи сарнавиштсоз масири ӯро дигаргун месозад. Захмӣ шудан дар як даргирӣ ва наҷот ёфтан аз ҷониби зани рустоие ба номи «Хола Лайло», нуқтаи оғози таҳаввули амиқ дар шахсияти ӯ мешавад. Ин дигаргунӣ на бо шиор, балки дар бистари зиндагии рӯзмарра, кор, меҳрубонӣ ва эътимоди мардум ба таври тадриҷӣ ва боварпазир шакл мегирад.
Яке аз ҷанбаҳои дурахшони ин силсилафилм ҳамин пардохти дақиқ ба «таҳаввули шахсият» аст; мафҳуме, ки дар бисёре аз осори намоишӣ ба сурати сатҳӣ матраҳ мешавад, аммо дар «Рӯзе рӯзгоре» бо латофат ва таҳаммул ривоят шудааст. Ин вижагӣ онро ба асаре омӯзанда ва тааммулбарангез барои бинандагон дар ҷомеаҳое чун Афғонистон ва Тоҷикистон табдил кардааст; ҷое ки мафоҳиме чун тавба, бозгашт ва тағйири масири зиндагӣ ҷойгоҳи фарҳангӣ ва арзишии муҳим доранд.
Фазосозии асар низ нақши муҳиме дар боварпазирии он ифо кардааст. Истифода аз табиати бикр, деҳаҳои сода, тарроҳии саҳнаҳои бе такаллуф ва парҳез аз муболиға, фазои достонро ба воқеият наздик сохта ва ҳисси асолатро ба бинанда мунтақил мекунад. Ҳамчунин, забони ривоят ва диалогҳо бо содагӣ ва умқ, иртиботе самимӣ бо мухотаб барқарор месозад.
Дар бахши бозигарӣ, ин силсилафилм яке аз хотирмонтарин таркибҳоро дар худ ҷой додааст. Хусрав Шакибоӣ дар нақши «Муродбег», иҷрои мондагор ва мутафовите ироа кардааст, ки ҳанӯз ҳам ба унвони яке аз қуллаҳои бозигарӣ дар телевизион ёд мешавад. Дар канори ӯ, Маҳмуд Покният дар нақши «Ҳусомбег» ва Жола Улув дар нақши «Хола Лайло», бо бозиҳои таъсиргузор ба ғанои ривоят афзудаанд. Ҳамчунин ҳузури ҳунармандоне чун Ҷамшед Лоиқ, Муҳаммад Филӣ, Ҳусайн Паноҳӣ, Шуҳра Султонӣ, Гавҳар Хайрандеш, Парвиз Пурҳусайнӣ ва дигарон, ин асарро ба маҷмуае комил аз бозиҳои дурахшон табдил кардааст.
«Рӯзе рӯзгоре» фаротар аз як силсилафилми саргармкунанда, асарест, ки бинандаро ба тафаккур дар бораи масири зиндагӣ, интихобҳо ва имкони тағйир даъват мекунад; ривояте, ки бо гузашти замон ҳамчунон тозагӣ ва таъсиргузории худро ҳифз кардааст.
Бар ин асос, силсилафилми «Рӯзе рӯзгоре» ҳар рӯз ба ҷуз панҷшанбеҳо, соати 21:00 ба вақти Теҳрон, 22:00 ба вақти Кобул ва 22:30 ба вақти Душанбеи Тоҷикистон аз шабакаи Айфилм2 пахш мешавад.